«Соро» ва «Сипар» боз дар финал

«Соро» ва «Сипар» боз дар финал

Иштирокчиёни бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футзал муайян гардиданд. Дастаи “Сипар”-и Хуҷанд пас аз ду пирӯзии пайдарпай бо натиҷаҳои 5:2 ва 5:0 бар тими “Истиқлол”-и Душанбе зафар ёфта, соҳиби роҳхати дуюми бозии ниҳоӣ гардид. Ёдовар мешавем, ки «Соро» пештар аз ин бо шикаст додани дастаи “Вавилон” бо ҳисобҳои калони 8:3 ва 7:5 аввалин шуда ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳхат гирифта буд. Ба ин тартиб, дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзи 7-уми ноябр дастаи Пайрав Воҳидов бо тими “Сипар” дидор анҷом медиҳад. Ёдовар мешавем, ки фонди умумии ҷоизаи Ҷоми Тоҷикистон 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Баранади Ҷоми Тоҷикистон соҳиби 7 ҳазор сомонӣ мегардад. Иштирокчии бозии ниҳоӣ бо 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешавад. Айни замон дастаи “Соро компания” барандаи феълии Ҷоми мамлакат ба ҳисоб меравад.