Расман: Маурисио Почеттино аз мақомаш барканор шуд

Расман: Маурисио Почеттино аз мақомаш барканор шуд

Сомонаи расмии бошгоҳи футболи «Тоттенхэм Хотспур» хабар медиҳад, ки коршиноси аргентинӣ - Маурисио Почеттино курсии сармураббигии дастаро тарк намудааст. Сабабҳои тарк намудани мутахассис то ҳол норушан аст. Ёдовар мешавем, ки Почеттино соли 2014 роҳбарии ин дастаи англисиро ба зимма гирифта буд. Қаблан Маурисио дар дастаҳои «Эспанйол» ва «Саутгемптон» адои вазифа намудааст. Эҳтимол аст, ки дар ин вазифа Маурисиоро коршиноси португалӣ – Жозе Моуриню иваз намояд.