Мунтахаби Тоҷикистон соли 2019-ро бо мусовӣ ҷамъбаст кард

Мунтахаби Тоҷикистон соли 2019-ро бо мусовӣ ҷамъбаст кард

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022-ро дар меҳмонӣ бо тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Бозӣ дар гурӯҳи "F" миёни тимҳои миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон шаби 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуд. Ҷаҳонгир Эргашев, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 17-ум, ҳисобро боз кард. Дар нимаи дувуми дидор меҳмонон, аслан аз пайи ҳимояи дарвозаашон шуда, ба хатти дифоъ гузаштанд. Ҳуҷумҳои пайиҳами мизбонон самар оварду дар дақиқаи 82-юм Тамирлан Кузибоев аз назди дарвоза тӯбро ба ҳадаф расонд ва ҳисоб баробар шуд – 1:1. Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бозиро бо тими миллии Қирғизистон, ки сармураббиаш мутахассиси 41-солаи русиягӣ Александр Крестинин аст, бо ҳисоби 1:1 анҷом дод ва дар сафар як имтиёз гирифт. Мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳарчор бозиаш ғолиб омада, бо 12 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб намудааст, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мебошад. Зимнан, ҷопониҳо аз бозии даври шашум озод буданд. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд. Мунтахаби Тоҷикистон се бозии боқимондаро соли оянда баргузор мекунад. Футболбозони тоҷик дар даври ҳафтум 26-уми март дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон рақобат менамоянд. Баъдан мунтахаби Тоҷикистон дар даври нӯҳум 4-уми июн дар меҳмонӣ бо тими миллии Ҷопон бозӣ хоҳад кард. Бозии охирини марҳилаи дувуми мусобиқа миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Мянма 9-уми июн дар Душанбе доир мегардад. Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд. 

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «F»

Даври 6-ум

Қирғизистон – Тоҷикистон – 1:1

Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 17 (0:1), Тамирлан Қӯзибоев, 82 (1:1)



Рӯйхати бозиҳои боқимондаи тими мунтахаб:

Даври 7-ум

26 марти соли 2020

ТОҶИКИСТОН – Муғулистон

Ҷопон – Мянма

 

Даври 8-ум

31 марти соли 2020

Муғулистон – Ҷопон

Мянма – Қирғизистон

 

Даври 9-ум

4 июни соли 2020

Ҷопон – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Муғулистон

 

Даври 10-ум

9 июни соли 2020

ТОҶИКИСТОН – Мянма

Ҷопон – Қирғизистон