«Спартак» аз «Лестер» имтиёз ситонд
Дар бозии даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо дастаҳои «Лестер Сити» ва «Спартак» неру санҷиданд. Вохӯрии дастаҳо дар майдони «Кинг Пауэр — Уолкерс» баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Қисми аввали бозӣ байни дастаҳо бидуни гол ҷамъбаст шуд. Дар оғози қисми дуюм Виктор Мозес русҳоро ба пеш баровард. Баъдан дар дақиқаи 58-ум Даниэл Амарти натиҷаро баробар кард. Баъди ин бозӣ дастаи «Лестер» бо касби 5 хол дар зинаи сеюми гурӯҳи “С” қарор дорад. «Спартак» бошад, 4 хол дораду дар зинаи охирин аст.