“Реал” ба даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт

Бозии ҷавобии марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Манчестер Сити” ва “Реал Мадрид” ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи “Иттиҳод”-и шаҳри Манчестер ба масофи ҳам омаданд. Вақти асосӣ ва изофии бозӣ мусовӣ - 1:1 (ба ҳисоби умумӣ 4:4) анҷом ёфт. Дар зарбаҳои пеналтӣ “Реал Мадрид” пурқувваттар буд - 4:3.
Дар бозии аввали даври чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо дастаҳо бо ҳисоби 3:3 мусовӣ бозӣ карда буданд. Аз ҳайати “Реал” – Родриго гол зад. Дар дақиқаи 76-ум мизбонон бо голи нимҳимоятгар Кевин Де Брюйне ҳисобро баробар карданд.
Ҳамин тариқ, «Реал» ба даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо баромад ва дар он бо «Бавария» бозӣ мекунад.