Ҳамаи иштирокчиёни даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо муайян шуданд

Ҳамаи иштирокчиёни даври нимниҳоии  Лигаи Чемпионҳо  муайян шуданд

Имрӯз, 18-уми апрел ҳамаи иштирокчиёни даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2023/2024 муайян шуданд. «Реал Мадрид» (Испания), «Бавария» (Олмон), «Боруссия»-и Дортмунд (Олмон) ва “ПСЖ” (Фаронса) ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд.

"Реал Мадрид" дар даври нимниҳоӣ бо "Бавария" бозӣ мекунад. "Боруссия”-и дар ин марҳила бо “ПСЖ” андари майдони рақобат мешавад. Бозиҳои марҳилаи нимниҳоӣ 30-юми апрел ва 1-уми май баргузор мешаванд. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 7-ум ва 8 –уми май доир мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки мавсими гузашта барандаи Лигаи Чемпионҳои УЕФА «Манчестер Сити» буд. Дар финали мусобиқа “шаҳриҳо” муқобили “Интер” бо ҳисоби 1 бар 0 зафар ёфта буданд. Дар мавсими имсола дастаи Хосеп Гвардиола дар марҳилаи чорякниҳоӣ аз “Реал Мадрид” шикаст хӯрд.