“Регар-ТадАЗ” ҳайаташро бо собиқ бозигари бошгоҳҳои “Мартиму” ва “Брага”-и Порутгалия пурқувват кард

“Регар-ТадАЗ” ҳайаташро бо собиқ бозигари бошгоҳҳои “Мартиму” ва “Брага”-и Порутгалия пурқувват кард

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ҳайати худро бо легионери нав Ҷонсон Овусу пурқувват кард. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Турсунзода хабар додаааст.

Ҷонсон Овусу 26 сол дошта, ба ҳайси ниммуҳофизатгари марказӣ ва канорӣ бозӣ мекунад.

Мавсими 2023-24-ро ӯ дар ҳайати дастаи “Дримз”-и Гана оғоз кард. Ӯ дар 7 бозии чемпионати Гана (дар маҷмуъ 311 дақиқа) иштирок кард ва аз моҳи январи соли 2024 футболбози озод ба ҳисоб мерафт.

Қаблан ӯ шарафи дастаҳои зерин: “Кукеси” (Албания), “Камача” (Португалия), “Фастав Злин” (Чехия), ҳайатҳои ҷавонони бошгоҳҳои “Мартиму” ва “Брага”-и Порутгалияро дифоъ кардааст.