Роҳхатгирии се тими олмонӣ бори нахуст дар 29 соли ахир ба даври ниманиҳоии евроҷомҳо

Роҳхатгирии се тими олмонӣ бори нахуст дар 29 соли ахир ба даври ниманиҳоии евроҷомҳо

Бори аввал дар 29 соли ахир се намояндаи кишвари Олмон ба марҳилаи ниманиҳоии евроҷомҳо роҳ ёфтанд.

«Бавария» ва «Боруссия»-и Дортмунд дар марҳилаи   1/2 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо баромад дошта, «Байер» баҳри баромадан ба бозии ҳалкунандаи Лигаи Аврупо мубориза мебарад. Бори ахир чунин дастовард дар мавсими-1994/1995 ба қайд гирифта шуда буд. Он вақт низ ҳамин дастаҳо дар марҳилаи ниманиҳоӣ баромад карда буданд.

«Бавария» дар чорякниҳоӣ бар «Арсенал»-и Лондон (3:2 аз рӯи ҳисоби ду бозӣ) зӯр баромад ва дар ниманиҳоӣ бо «Реал» бозӣ мекунад. Бозии аввал рӯзи 30-юми апрел ва рақобати ҷавобӣ рӯзи 8-уми май доир мешавад.

«Боруссия» дар даври 1/4 ниҳоӣ зидди «Атлетико»-и Мадрид бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуд дар дар ниманиҳоӣ бо «ПСЖ» бозӣ мекунад. Вохӯрии нахуст санаи 1-уми май ва бозии ҷавобӣ рӯзи   7-уми май доир мешавад.

«Байер» бошад бо боварии бузург дар марҳилаи 1/4 финалии Лигаи Аврупо бо ҳисоби 4 бар 1 зидди «Вест Хэм» зафар ёфт ва дар ниманиҳоӣ зидди «Рома» ба майдон меояд. (Бозии аввал — 2 май, бозии дуюм — 9-уми май).