“Рома” оиди роҳандозии лоиҳаи дарозмуддат бо Даниэле Де Росси изҳор намуд

“Рома”  оиди роҳандозии лоиҳаи дарозмуддат бо  Даниэле  Де Росси изҳор намуд

Бошгоҳи футболи «Рома» дар сомонаи расмии хеш изҳороти якҷояи моликони бошгоҳ Дэн ва Райан Фридкинҳоро оиди кор бо Даниэле  Де Росси нашр кард.

«Баъди вохӯрии дирӯз анҷомшуда бо Даниэле  Де Росси мо хушнудем иттилоъ диҳем, ки ӯ дар вазифаи сармураббигии   «Рома» то охири мавсими ҷорӣ ва оянда низ корро идома медиҳад.

Дар масири фурсати кутоҳи будани таъсироти мусбии ӯ дар вазифаи сармураббигии даста ва роҳбарияти бошгоҳ ҳамагон таърихи ғайриоддии ӯро бо «Рома» ҳикоя кардан мегиранд. Пешвоии Даниэле бо эҳтиром ва ҷасорат ифода шуда, вафодорӣ ва нерӯяш, ки ба таври амиқ дар бошгоҳ реша давонидааст, ба арзишҳои «Рома», шаҳр ва мухлисони беҳамтои мо мувофиқат мекунанд.

Мо кори якҷояро бо садоқати боз ҳам бештар идома медиҳем, то ки ояндаи арзанда барои мухлисони «Рома»-ро таъмин кунем. Хеле хушнудем, ки аз имконияти роҳандозии лоиҳаи дарозмуддат бо ҳамроҳии Даниэле бархӯрдорем.

Маълумоти бештар рӯзҳои наздик дастрас мегардад. Ба пеш, Рим!» — омадааст дар изҳорот.