Душан Петкович тими волейболии “Кузбасс”-ро тарк мекунад

Душан Петкович тими волейболии “Кузбасс”-ро тарк мекунад

Волейболбози сербӣ Душан Петкович бошгоҳи волейболӣ аз Кемерово бо номи «Кузбасс»-ро тарк мекунад. Дар ин хусус сомонаи расмии «Кузбасс» хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Петкович ҳайати дастаро пеш аз мавсими -2023/2024 пурра намуда буд. Дар мавсими ҷорӣ ӯ дар 34 бозии чемпионати Россия, аз ҷумла бозиҳои даври плей-офф бозӣ менамуд. Тибқи натиҷагирии бозиҳои чемпионати даврӣ Петкович бо омори 324 хол (44%-и амаликунии ҳуҷумҳо, 35 эйс ва 16 саддгузориҳо) дуюмин нишонзани «Кузбасс» дониста шуд.

Қобили қайд аст, ки бозигари диагоналии сербӣ ҷароҳат бардошт ва дар бозиҳо баҳри зинаҳои   5-8-ум бозӣ карда натавонист. Оиди тими ояндаи ӯ маълумоте вуҷуд надорад. Пештар волейболбози 32-сола дар кишвари Сербия, Италия, Фаронса ва Полша бозӣ мекард.

Маълум аст, ки ин мавсим «Кузбасс»-и Кемерово аллакай баъди бохт аз «Зенит» дар силсилабозиҳо баҳри зинаҳои 5-8-ум дучори шикаст гардид.