Роналду аз санҷиши COVID-19 гузашт

Роналду аз санҷиши COVID-19 гузашт

Ҳамлавари бошгоҳи "Ювентус" Криштиану Роналду организми хешро аз санҷиши коронавирус гузаронд, хабар медиҳад А Bola.

Тибқи иттилоъи манбаъ натиҷаи санҷиш манфӣ баромадааст. Хотиррасон мешавем, ки ҳоло Роналду дар карантин қарор дошта, дар ҷазираи Мадейра сукунат дорад. То ин замон се футболбози дастаи "Ювентус" ба вируси " короно" мубтало гардида буданд. Мувофиқи натиқаи санҷиш Дибала, Ругани ва Матюди ба вируси COVID-19 гирифтор шуда буданд.

Роналду тобистони соли 2018 бо маблағи 117 млн € аз бошгоҳи "Реал Мадрид" ба дастаи "Ювентус" гузариш кард.Дар мавсими ҷорӣ ҳамлавари 35 сола дар 22 бозии чемпионати Италия вориди майдон шуда, 21 гол ва 3 партофти головар анҷом додааст.