Тарғиби волейбол дар шаҳри Кӯлоб

Тарғиби волейбол дар шаҳри Кӯлоб

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи волейбол байни мардон баргузор гардид, ки дар даври ниҳоии мусобиқа 4 даста бо ҳам рақобат карданд.        

Даври минтақавии мусобиқаи волейбол байни мардон дар толори варзишии коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ҷараён гирифт ва чор дастаи беҳтарин барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар даври ниҳоӣ бо ҳам талош варзиданд. Барои ишғоли зинаи 3-юм дастаи Мӯъминобод бо дастаи дуюми коллеҷи тибби шаҳри Кӯлоб майдондорӣ карданд, ки дар натиҷаи дастаи Мӯъминобод ба гирифтани мақоми сеюм шарафёб шуданд. Бозии ниҳоӣ байни дастаҳои ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб ҷараён гирифт, ки беҳтарини волейболбозон дар ҳайати ин дастаҳо ба ҳам оварда шуданд. Ҳарчанд дар пайти аввал дастаи шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 25 бар 18 ғолиб омада бошад ҳам дар пайтҳои дигари ин дидор дастаи волейболбозони ноҳияи Восеъ тавонистанд, ки бартариро ба даст гирифта бо ҳисоби 2 бар 1 ба пеш бароянд. Дар пайти чоруми бозӣ бошад, дастаи шаҳри Кӯлоб тавонист, ки ҳисоби бозиро баробар созад ва ниҳоят дар пайти панҷуми бозӣ бо ҳисоби 15 бар 13 дастаи волейболбозони ноҳияи Восеъ ғолиб омада сазовори ҷои якум гардиданд.