Роналду ба натиҷаи нодире даст ёфт

Роналду ба натиҷаи нодире даст ёфт

Дар бозии марҳилаи интихобии Чемпионати Аврупо – 2020 мунтахаби Украина бо Португалия вохӯрӣ анҷом дода, ба ҳисоби 2:1 зафар ёфт. Ҳамлавари бошгоҳи “Ювентус” ва тими Португалия Криштиану Роналду голи ягонаи тими Португалияро аз зарбаи ҷаримавии 11 – метра ба ҳадаф расонда, 700 – ум голи худро дар фаъолияти футболбозиаш ба қайд гирифт. Дар ҳисоби Роналду 450 тӯб дар ҳайати “Реал”, 118 – гол “Манчестер Юнайтед”, 95 – то дар мунтахаби Португалия, инчунин 32 “Ювентус” ва 5 – тои дигар ба «Спортинг» рост меояд. Ёдовар мешавем, ки то ин дам, Ромарио, Пеле, Иозеф Битсан, Герд Мюлер ва Френтс Пушкаш имкон даст дода буд, ки дар фаъолияти варзишии худ ба задани 700 – голи даст ёбанд.