Роналду машҳуртарин шахси “Инстаграм”

Роналду машҳуртарин шахси “Инстаграм”

Ҳамлавари португалии бошгоҳи “Ювентус” Криштиану Роналду машҳуртарин шахси ҷаҳон дар саҳифаи иҷтимоии “Инстаграм” гардид. Дар якчанд рӯзи охир шумораи зиёди нафарон ба саҳифаи “Инстаграм”-и Роналду шомил шудаанд. Дар ҳоли ҳозир Криштиану Роналду бо 144 млн 200 заҳор обуначӣ (подписчик) дар рӯйхати машҳуртарин шахсони “Инстаграм” ба шумор меравад. То ин дам овозхони 26 солаи машҳури ИМА Селена Гомес бо касби 144 млн обуначӣ (подписчик) дар зинаи аввали машҳуртарин шахсони “инстаграм” буд. Аммо дар рӯзҳои охир Криштиану аз Селена пеш гузашта, ба зинаи аввал роҳ ёфт.

1.    Криштиану Роналду (футболбоз) 144 млн 200 ҳазор

2.    Селена Гомез (овозхон) 144 млн

3.    Ариана Гранде (овозхон) 132 млн

4.    Ким Кардашян (модел) 120 млн

5.    Бейонсе (овозхон) 119 млн

6.    Дуэйн Ҷонсон (ҳунарманд) 119

7.    Кайли Ҷннер (модел) 117 млн

8.    Тейлор Свифт (овозхон) 112 млн

9.    Неймар (футболбоз) 104 млн

10.  Ҷастин Бибер (овозхон) 102 млн

11.  Лионел Месси (футболбоз) 100 млн

12.  Кендалл Ҷеннер (модел) 97 млн

13.  Ники Минаж (репсаро) 94,1 млн

14.  National Geographic (шабака) 93 млн

15.  Nike (ширкат) 81,6 млн