Роналду Португалияро ба Евро-2020 бурд

Роналду Португалияро ба Евро-2020 бурд

Мунтахаби Португалия дар бозии даври 10-уми марҳилаи интихобии Евро-2020 тими миллии Люксембургро бо натиҷаи 2:0 шикаст дод. Дар ин дидор голҳои қаҳрамони феълии ин мусобиқаро Бруну Фернандеш ва Криштиану Роналду ба самар расониданд. Бо шарофати ин пирӯзӣ мунтахаби Португалия соҳиби 17 хол шуда, аз зинаи дуюми гурӯҳи “В” ба марҳилаи финалии Евро-2020 роҳ ёфт.