Роналду ва ҳамдастагонаш аз Украина дасти холӣ баргаштанд

Роналду ва ҳамдастагонаш аз Украина дасти холӣ баргаштанд

Дар бозии даври 8-уми марҳилаи интихобии Евро-2020 мунтахаби Украина дар хонааш қаҳрамони феълии ин мусобиқот тими миллии Португалияро пазируфт. Набарди тимҳо дар майдони «НСК Олимпийский»-и шаҳри Киев баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди шогирдони мутахассиси украинӣ - Андрей Шевченко хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 6-уми бозӣ Роман Яремчук ҳисобро боз кард. Футболбозони мизбон баъди задани гол низ қаноатманд набуданд ва лаҳза ба лаҳза зарбаҳои хатарноки худро ҷониби дарвозаи Патрисиу созмон медоданд. Кӯшишу талошҳои украиниҳо самар оварду дар дақиқаи 27-уми майдондорӣ бо зарбаи дарвозакӯби Андрей Ярмоленко ҳисоби вохӯрӣ 2:0 шуд. Дар дақиқаи 72-юм бошад, довар нимҳимоятгари мизбонон Тарас Степаненкоро барои рафтори ғайриварзишиаш аз майдон ронда, ба дарвозаи Пятов пеналти таъйин намуд, ки ин зарбаро сарвони мунтахаби Португалия Криштиану Роналдуи дастон бе хато иҷро намуда, ҳисоби дидорро 2:1 намуд. Ҳамин тав яккачини Украина дар 7 бозӣ 19 имтиёз ҷамъоварӣ намуда, ба марҳилаи финалии Евро-2020 роҳ ёфт. 

Евро-2020

Марҳилаи интихобӣ

Украина — Португалия 2:1

Голҳо: Яремчук, 5, Ярмоленко, 27 — Роналду, 73 (пен.)

Украина: Пятов — Караваев, Кривтсов, Матвиенко, Миколенко (Пластун, 90+5) — Степаненко, Зинченко, Малиновский — Ярмоленко, Яремчук (Коваленко, 73), Марлос (Коноплянка, 63).

Португалия: Патрисиу — Семеду, Пепе, Диаш, Геррейру — Данилу — Моутино (Б. Фернандеш, 56), Мариу (Брума, 68) — Б. Силва — Роналду, Гедеш (Феликс, 46).