Рой Кин "Девҳои сурх"-ро дар беэҳтиромӣ нисбати Роналду айбдор кардааст

Рой Кин "Девҳои сурх"-ро дар беэҳтиромӣ нисбати Роналду айбдор кардааст

Собиқ сарвони бошгоҳи "Манчестер Юнайтед" - Рой Кин аз он, ки Криштиану Роналду дар бозӣ бо «Манчестер Сити» (3:6) аз ибтидо то анҷом курсии бозигарони захиравиро зеб дод, изҳори норозигӣ кард.

«Манчестер Юнайтед» нисбати Роналду беэҳтиромӣ зоҳир мекунад. Ман фикр мекунам, ки ӯ бояд дар ин тобистон дар давраи гузариш ба дастаи дигар мерафт.

Ба андешаи ман, мураббӣ набояд ӯро танҳо барои ба курсӣ нишастан дар даста нигоҳ дошта бошад. Вай яке аз бузургтарин бозингарони ҳама давру замон аст ва имкони тарк кардани даста дар ин тобистон дошт.

Гуфтан, ки ӯ дигар илоҷе надошт, сафсата аст. Ӯ чор ё панҷ варианти хеле хуб дошт», — гуфтааст Рой Кин.

Роналду дар ин мавсим дар тамоми мусобиқаҳо 8 бозӣ карда, ба задани 1 гол даст ёфтааст, ки он ҳам аз пеналтист!