Садрнишини гурӯҳи “С” муайян гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ имрӯз дар доираи бозиҳои даври дуввуми гурӯҳи “С” бар дастаи мунтахаби Урдун бо ҳисоби 3 :1 ғалаба карда ба садри ҷадвали гурӯҳ баромад. Футболбозони Кореяи Ҷанубӣ дар дақиқаи 3-юм ба кушодани ҳисоб имкон пайдо карданд. Чо Ён Вук дарвозабони Урдун- Абдулло Роид Алфахуриро маҷбур кард, ки баъди зарбаи сахт тӯбро аз тӯри дарвозааш гирад. Бартарии дастаи Кореяи Ҷанубӣ бараъло ҳис мегардид, аммо қисми аввал бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид. Дар нимаи дуввум футболбозони Урдун қоидаи бозиро дағалона вайрон мекарданд ва дар дақиқаи 74-ум Юсуф Абуҷазар аз ҷониби довар корти сурх гирифта, майдонро тарк кард. Ба ин нигоҳ накарда ба Умар Ҳанӣ муяссар шуд, ки дар дақиқаи 77-ум ҳисобро баробар кунад. Аммо умеди охирини дастаи мунтахаби Урдун баъди голҳои Ҷиён Си-Ҷин (2:1, 79) ва Чой Ҷун (3:1, 90+2) барбод рафт ва танҳо ғалаба дар бозии оянда ба урдуниҳо имкон фароҳам меорад, ки муборизаро барои унвони қаҳрамонӣ идома диҳанд. Дар бозии дигари ин гурӯҳ Австралия бар мунтахаби Вйетнам бо натиҷаи 2:1 дастболо гардид.