Сафари Де Росси ба Аргентина

Сафари Де Росси ба Аргентина

Собиқ ниммуҳофизатгари “Рома” ва мунтахаби Италия Даниэл Де России 36 сола ба Аргентина барои ба имзо расондани шартномаи яксола бо дастаи “Бока Хуниорс” сафар кард. Қаблан хабар доданд, ки Де Росси бо дастаи аргентинӣ ба маблағи 500 ҳазор евро қарордод бастанист. Маврид ба ёдоварист, ки Де Росси аз соли 2002 то инҷониб дар дастаи “Рома”-и Италия ҳунарнамоӣ мекард. Ӯ баъди Франческо Тотти дар ҷои дуюм аз ҳисоби бозиҳои кардааш дар ин даста меистад. Охирин маротиба Де Росси рӯзи 26 май бо пироҳанҳои “Рома” ба майдон баромада, дар маҷмуъ 459 бозӣ анҷом дода, 43 маротиба тӯбро вориди дарвозаи рақибон задааст.