Санаи рақобати Ҳамзат бо Эдвардс маълум гашт

Санаи рақобати Ҳамзат бо Эдвардс маълум гашт

Сомонаи расмии UFC санаи баргузории набарди размоварон   Ҳамзат Чимаеви шведӣ, ки дар асл чечен аст ва Леон Эдвардси англисро эълон кард. Мубориза рӯзи 19 декабр дар Лас Вегас баргузор мешавад. Чимаеви 26-сола дар корномаи худ 9 рақобат гузаронида, нӯҳ пирӯзӣ ба даст овард. Дар UFC, ӯ дар 3 мубориза 3 пирӯзӣ дорад. Эдвардси 29-сола 21 мубориза гузаронида, 18 пирӯзӣ ва 3 бохт дорад.