Се даста ба даври плей-оффи Лигаи Аврупо роҳ ёфтанд
Рӯзи панҷшанбе, 4 ноябр бозиҳои даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо баргузор шуданд. Дастаи «Лион» дар чаҳор вохӯрӣ пирӯзӣ ба даст оварда, дар гурӯҳи «А» мақоми аввалро касб карда, ба даври 1/8 финал роҳ ёфт. Гарчанде, ки дастаи “Вест Хэм” имтиёз аз даст дод, вале ба монанди “Айнтрахт” ба даври плей-офф баромади хешро таъмин кард.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони гурӯҳҳо дарҳол ба даври 1/8 финал ва дастаҳои ҷойи дувум ба 1/16 финал мебароянд.