Се медали паҳлавонони Мастчоҳ аз мусобиқаи байналмилалӣ
Варзишгарони навраси ноҳияи Мастчоҳ дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, аз худ маҳорати баланд нишон дода, 3 медали тилло ба даст оварданд. Бо маълумоти сомонаи расмии ҷавонони Тоҷикистон, варзишгарони муваффақшудаи ноҳия дар ин мусобиқа – Тошов Муҳаммадиқбол, Мирсоқиев Эҳсон, Мустафо Аюбӣ ва Амонов Анварҷон мебошанд, ки 3 нишони тилло ва 1 биринҷиро соҳиб шуданд. Ғолибони мусобиқаро дар маркази ноҳияи Мастчоҳ теъдоди зиёди дӯстдорони варзиш ва масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия гарму самимӣ истиқбол намуда, пирӯзиро ба қаҳрамонҳо табрик гуфтанд.