Се нишони биринҷии паҳлавонони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳони самбо дар Ереван

Се нишони биринҷии паҳлавонони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳони самбо дар Ереван
Қаҳрамонии ҷаҳони самбо дар шаҳри Еревани Арманистон ба анҷом расид. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи имсола ба гирифтани 3 медали биринҷӣ даст ёфтанд.

Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кг дар рӯзи якуми мусобиқа аввалин нишони биринҷиро соҳиб шуд. 

Бобохон Мирзозодаи 25 сола дар вазни то 58 кг аз самбои размӣ дар рӯзи дуюми мусобиқа ба гирифтани нишони биринҷии дуюм даст ёфт.

Дар рӯзи охири Қаҳрамонии ҷаҳон Худоёр Раҷабзода дар вазни то 71 кг аз самбои размӣ ба гирифтани нишони биринҷии сеюм ноил гардид.

Хотиррасон мешавем, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Акмалиддин Каримов (-58кг), Хушқадам Хусравов (-64кг), Деваштич Убайдӣ (-79кг), Зафар Олимшоев (-88кг), Бахтовар Замиров (-98) ва дар самбои размӣ Бобохон Мирзозода (-58кг), Сорбон Латипов (-64кг), Худоёр Раҷабзода (-71кг), Сарвар Ҳотамбекзода (-88кг) муаррифӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 10-ум то 12-уми ноябр шаҳри Еревани Арманистон мизбони Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо шуд, ки барои ширкат дар ин мусобиқаи муҳими сол варзишгарон аз 65 давлат дархост дода, тибқи қарори Федератсияи байналмилалии самбо, варзишгарони Беларус, Русия, Фаронса ва паноҳандагон дар ҳайати тими бетараф сабқат карданд.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғайр аз медал, инчунин ҷоизаҳои молӣ барои ҷойи аввал 4000 доллари ИМА, ҷойи дуюм – 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 2000-долларӣ тақдим карда шуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон се қаҳрамони ҷаҳон дар самбо Беҳрӯз Хоҷазода (2017), Хушқадам Хусравов (2018), Акмалиддин Каримов (2021) дорад.