Шикасти ҳангомавии «Бавария»

Шикасти ҳангомавии «Бавария»

Дирӯз, 27-уми октябр дар доираи Ҷоми Олмон дастаи «Бавария» ба меҳмонии тими «Боруссия»-и Мёнхенгладбах сафар кард. Вохӯрии дастаҳо дар «Боруссия-Парк» баргузор шуда, бо натиҷаи калони 5:0 ба суди мизбонон хотима ёфт. Дар ин сабқат голҳоро Коне, Бенсебаини (дубл) ва Эмболо (дубл) ба ҳадаф расониданд. Ҳамин тавр дастаи “Бавария” ду мавсим паи ҳам аз идомаи сабқатҳои Ҷоми Олмон бенасиб шуд. Дар мавсими гузашта бошад мюнхениҳо таҳти роҳбарии Ханс-Дитер Флик дар даври дуюми Ҷоми Олмон аз тими Холштайн Кил аз Бундеслигаи дуюм (2:2 дар вақти асосии бозӣ ва 5:6 аз пеналтӣ) мағлуб шуда буд.

Ҷоми Олмон

Даври 1/16 ниҳоӣ

«Боруссия М» — «Бавария» — 5:0 (3:0)

Голҳо: Коне, 2 (1:0). Бенсебаини, 15 (2:0). Бенсебаини, 21 —пеналти (3:0). Эмболо, 51 (4:0). Эмболо, 57 (5:0).