Шоҳей Оно ба шаҳри Душанбе омад!

Шоҳей Оно ба шаҳри Душанбе омад!

Шаби 1-уми май ҷудокори афсонавии ҷаҳон Шоҳей Оно ба ҳайси меҳмони фахрӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони фахриро намояндагони соҳаи варзиши мамлакат ва ҳаводорони зиёд гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Шоҳей Оно ҷудокори дастони ҷопонӣ, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ, қаҳрамони ҳафткаратаи ҷаҳон (се маротиба дар рақобатҳои инфиродӣ ва чор маротиба дар сабқатҳои даставӣ), дорандаи Ҷоми ҷаҳон, ғолиби Бозиҳои осиёӣ, ҷоизадори нишони нуқраи чемпионати Осиё, қаҳрамони чоркаратаи Ҷопон мебошад.    

Ташрифи ин паҳлавони 32-солаи дастони ҷопонӣ бо даъвати Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир сурат гирифт, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар Гранд Слами Душанбе 2024 иштирок хоҳад намуд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Гранд-Слами Душанбе-2024 дар доираи сайри ҷудои ҷаҳонӣ рӯзҳои 3-5-уми майи соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир мегардад.