Шоҳей Онои дастон ба Душанбе меояд!

Шоҳей Онои дастон ба Душанбе меояд!

Ба маълумоти дӯстдорони гӯштини ҷудо мерасонем, ки ҷудокори дастони ҷопонӣ, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ, қаҳрамони ҳафткаратаи ҷаҳон (се маротиба дар рақобатҳои инфиродӣ ва чор маротиба дар сабқатҳои даставӣ), дорандаи Ҷоми ҷаҳон, ғолиби Бозиҳои осиёӣ, ҷоизадори нишони нуқраи чемпионати Осиё, қаҳрамони ҷоркаратаи Ҷопон ва дорандаи дани 5-уми IJF Шохей Оно ба пойтахти кишвари мо – шаҳри Душанбе ташриф меорад.   

Ташрифи ин паҳлавони 32-солаи дастони ҷопонӣ бо даъвати Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир сурат гирифта, Шоҳей Оно ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар Гран Слам Душанбе 2024 иштирок хоҳад намуд.

Ёдрас мекунем, ки аввалин рақобатҳои ҷудои Гранд-Слами Душанбе-2024 дар доираи сайри ҷудои ҷаҳонӣ рӯзҳои 3-5-уми майи соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир мегарданд.