ШОҲИ ФУТБОЛ 78 СОЛА ШУД!

ШОҲИ ФУТБОЛ 78 СОЛА ШУД!

Имрӯз 23-юми октябр Шоҳи футбол Эдсон Арантис ду Насименту машҳур бо номи Пеле 78 сола шуд! Пеле – ягона футболбозест, ки дар таърихи футбол се маротиба чемпиони ҷаҳон шудааст. Ҳамзамон ў соҳиби унвони «Варзишгари аср», ки аз ҷониби Кумитаи умумиҷаҳонии олимпӣ супорида мешавад, беҳтарин бозингари қарни ХХ аз рўи нишондоди ФИФА, нишонзани беҳтарини тими Бразилия ва ғайраҳо гардидааст. Дар маҷмўъ Пеле муаллифи 760 гол гардида, шумораи умумии голҳояш дар тўли фаъолияташ ба 1281 тўб мерасад.