Шоҳи Лигаи Чемпионҳо «МЮ»-ро аз бохт наҷот дод
Дар рақобати даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дастаи «Манчестер Юнайтед» ба меҳмонии тими «Аталанта» сафар кард. Вохӯрии дастаҳо дар майдони «Атлети Адзурри» баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 12-уми майдондорӣ Йосип Иличич ҳисобро боз намуд. Баъдан дар охири қисми якуми дидор Криштиану Роналду натиҷаро баробар намуд. Дар дақиқаи 58-ум бошад, Сапата ҳисобро 2:1 ба суди итилоёвиҳо намуд. Ин охири кор набуд, зеро дар лаҳзаҳои охири бозӣ Роналду голи дуюми худ ва дастаашро ба нишон расонида, “МЮ”-ро аз бохт наҷот дод. Баъди ин бозӣ “МЮ” соҳиби 6 хол шуда, дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи “Ғ” қарор гирифт. Криштиану бо ҳамин пас аз бозгашт ба “Манчестер Юнайтед” то ҳол дар ҳамаи бозиҳои Лигаи Қаҳрамонҳо ба задани гол даст ёфтааст.
Лигаи Чемпионҳо
Гурӯҳи F
«Аталанта» (Италия) — «Манчестер Юнайтед» (Англия) — 2:2 (1:1)
Голҳо: Иличич, 12 (1:0). Криштиану Роналду, 45+1 (1:1). Сапата, 56 (2:1). Криштиану Роналду, 90+1 (2:2).