Шоҳрух Саидзода: “Мунтахаби Тоҷикистонро барои баромадан ба Ҷоми Ҷаҳон табрик мегӯям”

Шоҳрух Саидзода: “Мунтахаби Тоҷикистонро  барои баромадан ба  Ҷоми  Ҷаҳон табрик мегӯям”

Роҳбари тими футболи «Истиқлол» - Шоҳрух Саидзода пас аз пирӯзӣ бар тими миллии Афғонистон тими миллии Тоҷикистонро бо баромадан ба Ҷоми Ҷаҳонии футзал 2024 шобош гуфт.

- «Аз номи клуби футболи «Истиқлол» ва шахсан худам дастаи мунтахаби футзали кишварро бо баромадан ба чемпионати ҷаҳон табрик мегӯям.

Ба бозигарон, ҳайати мураббиён ва маъмурони дастаи мунтахаб барои кори босифат ва касбиашон ташаккур мегуям.

Шумо вазифаи ба чемпионати ҷаҳон баромаданро бо сари баланд иҷро намудед!

Ҳамчунин ба ҳамаи мухлисоне, ки дастаи мунтахаби моро дастгирӣ менамоянд, изҳори сипос мекунам.

Барори кор ва муваффақият дар бозиҳои минбаъдаи Ҷоми Осиё ва баромади муваффақ дар чемпионати ҷаҳон!»