Шоми имрӯз ҷудокорони тоҷик барои нишонҳои фахрии Чемпионати Осиё муборизаро идома медиҳанд

Шоми имрӯз ҷудокорони тоҷик барои нишонҳои фахрии Чемпионати Осиё муборизаро идома медиҳанд

Дар рӯзи сеюми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон дар шаҳри Нур Султони Қазоқистон кишвари моро зери вазни то 90 кг – ҷудокорон Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳи Устопириён, зери вазни то 100 кг – Абубакри Акобир ва зери вазни беш аз 100 кг– Темур Раҳимов намояндагӣ карданд.

Ҷаҳонгир Маҷидов (– 90 кг) дар даври аввали сабқатҳо аз ҷудокори лубнонӣ – Карамноб Сагайпов бо имтиёзи иппон мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Комроншоҳи Устопириён зери вазни то 90 кг дар даври 1/8 ниҳоӣ озод буд ва дар даври чаҳорякниҳоӣ аз ҷудокори мизбон – Дидар Хамза шикаст хурд ва ба даври тасаллобахш рафт. Дар даври тасаллобахш Комроншоҳ муқобили ҷудокори чинӣ – Ядонг Хийеро бо имтиёзи иппон ғолиб омад ва ҳамакнун барои нишони биринҷии мусобиқа бо ҷудокори муғул – Алтанбагана Гантулга қувваозмоӣ мекунад.

   Абубакри Акобир ҷудокори дигари кишварамон зери вазни то 100 кг дар даври 1/8 ниҳоӣ муқобили ҷудокор аз Тайпеи Чин – Йи Ҳсианг Ли зафар ёфта, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз ҷудокори бомаҳорати ӯзбек Отабек Турабоев мағлуб шуд ва ба даври тасаллобахш рафт. Дар даври тасаллобахш Абубакр, муқобили ҷудокори қирғиз – Алманбет Мамазаиров мазаффарият ба даст овард ва шоми имрӯз барои ба даст овардани нишони биринҷӣ бо ҷудокори мизбон – Нурлюхан Шархан сабқат мекунад.

Ҷудокори соҳибном ва умедбахши кишвар – Темур Раҳимов миёни сангинвазнҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва шоми имрӯз барои ба даст овардани нишони тилло бо ҷудокори ҷопонӣ Кокоро Кагуера қувваозмоӣ мекунад. То расидан ба даври ниҳоӣ Темур дар даври 1/8 ниҳоӣ озод буд ва дар даври чаҳорякниҳоӣ ҷудокори ӯзбек –Бекмурод Олтибоев ва дар даври ниманиҳоӣ ҷудокори дигари ӯзбек – Шоҳрух Бахтиёровро бо имтиёзи иппон аз сари роҳ бардошт ва ба финал роҳ ёфт.

Қобили зикр аст , ки дирӯз ҷудокорони кишвар Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев ҳар ду зери вазни то 81 кг ба гирифтани нишони биринҷӣ ва нуқра мушарраф гардида буданд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Нур Султони кишвари Қазоқистон аз 4-ум то 7-уми август мизбони Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон аст. 

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон ) миёни 182 ҷудокор аз 19 кишвари Осиё доир гардида истодаанд.