«Сипар» vs «Соро Компания»: Моро бозии тиллоӣ интизор аст

«Сипар» vs «Соро Компания»: Моро бозии тиллоӣ интизор аст

Чаҳорумин силсилабозиҳои лигаи касбии футзали Тоҷикистон  -2021 бо иштироки 1000 нафар мухлис   дар Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои «Сипар» ва «Соро Компания» доир гардид. Дидори дастаҳо бисёр ҷолибу диданӣ ҷараён гирифта,  ба  нафъи футзалбозони шаҳри Хуҷанд ба анҷом расид. Хамакнун ҳисоби умумии силсилабозиҳо 2:2 гардид ва мо рӯзи 30-юми октябр шоҳиди бозии панҷуми ин ду тим дар шаҳри Душанбе мегардем.

 Лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2021

 Финал. Бозии 4-ум 

 «Сипар» (Хуҷанд)  4:3  «Соро Компания » (Душанбе)

Голҳо: Комрон Алиев, 2 ' (0:1),  Иқбол Воситзода 5' (1: 1), Муҳсин Муҳаммадзода, 9' (1: 2), Иван Бахур, 11' (2:2), Муҳаммад Шарифов  19' (2: 3),  Муҳсин Муҳаммадзода 23' - худгол,  (3: 3),  Вахтанг Кекелия 26' (4:3).