«Манчестер Сити» бо Брёйне забон ёфт

«Манчестер Сити» бо Брёйне забон ёфт

Бошгоҳи «Манчестер Сити» пас аз бозии аввали даври ¼ финали Лигаи қаҳрамонҳо бар муқобили тими “Боруссия”-и Д (2:1) бо яке аз қаҳрамонҳои асосии ин вохӯрӣ - Кевин Де Брёйне забон ёфт кард. Сомонаи расмии “шаҳриҳо” иттилоъ медиҳад, ки қарордод байни даста ва футболбози белгиягӣ то тобистони соли 2025 баста шудааст. Қаблан овозаҳое пайдо шуда буданд, ки гӯё Кевин Де Брёйне бо “МС” шартномаашро тамдид карданӣ нест ва хостори тарки ин даста аст. Ин хавбеки нодир 6 сол пеш бар ивази 76 млн евро ба ҳайати “кабутпӯшҳо” шомил шуда буд. Дар ҳайати “МС” Де Брёйне ду маротиба қаҳрамони Англия гардидааст.