"Соро" ва "Сипар" пешсафони Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

"Соро" ва "Сипар" пешсафони Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

Бозиҳои даври дувуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 30-юми июл баргузор шуданд. Дар мусобиқаи имсола шаш даста – «Соро компания» (Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд), «Муҳоҷир» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Самандар» (Турсунзода) ва «Истаравшан» (Истаравшан) – ширкат доранд.

«Соро компания» дар шаҳри Турсунзода бар «Самандар» бо ҳисоби 14:4 ғолиб омад. «Сипар»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бар «Муҳоҷир» бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд. Дар бозии дигар «Истаравшан» дар майдони худ «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 12:7 шикаст дод. Аз рӯи натиҷагирии ду даври мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» бо шашимтиёзӣ пешсафанд.

Бозиҳои даври севуми мусобиқа рӯзи якшанбе, 2–юми август, миёни дастаҳои «Сипар» – «Истаравшан», «Равшан» – «Самандар» ва «Соро компания» – «Муҳоҷир» баргузор мешаванд. Ба иттилои Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, мусобиқа дар ду марҳила барпо мегардад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо дар ду давра аз рӯи системи «хона – сафар» рақобат мекунанд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020. Даври 2-юм

«Самандар» – «Соро компания» – 4:14

Голҳо: Комрон Алиев, 4 (0:1). Комрон Алиев, 12 (0:2). Муҳаммад Раҷабов, 13 (0:3). Даврон Ҳабибуллоев, 13 (1:3). Фирдавс Тусматов, 15 (2:3). Сиёвуш Қаюмов, 16 (2:4). Сиёвуш Қаюмов, 17 (2:5). Насим Шарипов, 18 (2:6). Фаридун Неъматов, 18 (2:7). Низом Маҳмаев, 22 (3:7). Некрӯз Алимаҳмадов, 23 (3:8). Насим Шарипов, 25 (3:9). Муҳаммад Раҷабов, 26 (3:10). Муҳаммад Раҷабов, 28 (3:11). Муҳаммад Раҷабов, 29 (3:12). Некрӯз Алимаҳмадов, 29 (3:13). Комрон Алиев, 30 (3:14). Ориф Меликов, 36 (4:14).

«Истаравшан» – «Равшан» – 12:7

Голҳо: Шавкат Пулотов, 4 (1:0). Хусрав Қаюмов, 6 (2:0). Ҳасан Муродов, 7 (2:1). Шаҳбоз Бобоҷонов, 9 (3:1). Шаҳбоз Бобоҷонов, 10 (4:1). Муҳаммад Амирхоҷаев, 14 (4:2). Муҳаммад Амирхоҷаев, 15 (4:3). Шавкат Пулотов, 16 (5:3). Ҳусейн Раупов, 17 (6:3). Умеди Ҳусайн, 20 (6:4). Парвиз Раупов, 21 (7:4). Фирӯз Абдуллоев, 22 – ба дарвозаи худ (8:4). Муҳаммад Ҳамдамов, 24 (9:4). Умеди Ҳусайн, 24 (9:5). Муҳаммад Ҳамдамов, 26(10:5). Иброҳим Мирзоев, 33 – аз пеналтӣ (10:6). Ҳусейн Раупов, 35 (11:6). Иброҳим Мирзоев, 38 – дабл-пеналтӣ (11:7). Парвиз Раупов, 40 (12:7).

«Муҳоҷир» – «Сипар» – 3:5

Голҳо: Некрӯз Идиев, 3 (1:0). Собирҷон Гулаков, 13 (1:1). Баҳодур Хоҷаев, 15 (1:2). Хуршеди Зайниддин, 23 (2:2). Иқбол Воситзода, 25 (2:3). Иқбол Воситзода, 34 (2:4). Собирҷон Гулаков, 38 (2:5). Некрӯз Идиев, 39 (3:5).

 

Даври 3-юм

2 август (якшанбе)

16:00 – «Сипар» – «Истаравшан»

16:00 – «Равшан» – «Самандар»

16:00 – «Соро компания» – «Муҳоҷир»