«Спартак» оиди қатъи шартнома бо Мевля эълон кард

«Спартак» оиди қатъи шартнома  бо Мевля эълон кард

«Спартак»-и Москва дар сомонаи расмии хеш эълон кард, ки бо дифоъгари словенӣ Миха Мевля шартномаро қатъ намудааст. Ҳамкориҳо бо розигии тарафайн қатъ гардида, бозигари 32-сола футболбози озод гардид.

«Ба Миха дар маснади минбаъдаи варзишияш барор мехоҳем!» — навиштааст хадамоти матбуотии «Спартак».

Мевля тирамоҳи соли 2022 замони гузариш аз «Аланяспор»-и  туркӣ чун футболбози озод  бозигари «Спартак» гардида буд. Дар сафи сурху-сафедҳо ӯ чор бозӣ дар Премер-Лигаи Россия ва се бозӣ дар доираи Ҷоми Россия гузаронида, ба ҳеҷ амали натиҷабахш даст наёфт.

Пештар бошад дар ВАО хабар баромад, ки ин футболбози словенӣ аз чандин дастаҳо пешниҳодҳо дар даст дошта, гузариши ӯ ба тими нав то маҳкамшавии равзанаи зимистонаи трансферӣ амалӣ мешавад.

Сарчашма: «Чемпионат»