Субҳон Мамадов бо футболбозони “Истиқлол” якҷо тамрин карданд

Субҳон Мамадов бо футболбозони “Истиқлол” якҷо тамрин карданд

Субҳон Мамадов (subo_m) дар тамринҳои дастаи "Истиқлол" ширкат кард. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳ хабар додааст.

Блогнавис ва навозандаи маъруф ва  собиқ футболбоз Субҳон Мамадов, ки дирӯз ба  Тоҷикистон омад, аз тамрингоҳи "Истиқлол"  дар дараи “Алмосӣ” боздид ва якҷоя бо футболбозони “Истиқлол” машқварзӣ кард.  Бозигарон ва ҳайати мураббиёни даста меҳмони номдорро самимона истиқбол гирифта, ба ӯ пироҳани махсус бо рақами 86-ро ба нишони эҳтиром ҳадя намуданд.