Суратгузориш аз ҷараёни бозии таърихии «Истиқлол» дар Лигаи Чемпионҳо
Қаҳрамони Тоҷикистон - дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими АГМК-и Ӯзбекистон ғалаба карда (3:2), пирӯзии аввалин ва таърихиашро дар Лигаи чемпионҳои Осиё ҷашн гирифт. Голҳоро дар ҳайати “Истиқлол” - Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов заданд. Як голи дигарро легионери сербиягии АГМК - Йован Ҷокич ба дарвозаи дастааш зад.
Пас аз натиҷагирии ду давр “Ал-Ҳилол” ва “Истиқлол” бо 4-холӣ дар садри ҷадвали гурӯҳи “А” қарор доранд. Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021, 21 апрел “Истиқлол” бо дастаи “Ал-Аҳлӣ”, ки соли 2019 ғолиби Лигаи чемпионҳои Осиё гардида буд, вомехӯрад.
(Бояд гуфт, ки расмҳо аз сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон истифода бурда шудаанд).