Суратгузориш аз рафти бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Лубнон
Дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё дар гурӯҳи “В” дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) бо тими миллии Лубнон (U-23) ба масофи ҳам рафтанд. Набарди дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор гардида бо натиҷаи 1:0 ба фоидаи миллипӯшони тоҷик анҷом ёфт. Голи ягонаи бозиро дар дақиқаи 87-ум муҳофизатгари бошгоҳи “Истиқлол” ва мунтахаби олимпии кишвар – Ваҳдат Ҳанонов ба самар расонид. Пас аз ин пирӯзӣ тими миллии олимпии кишвар се имтиёзи заруриро ба даст оварда дар зинаи дуюми гурӯҳи “В” мавқеъ касб кард. Бозии навбатии миллипӯшони тоҷик рӯзи 28-уми октябр бар муқобили Непал дар назар аст.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 (U-23)
Гурӯҳи «В». Даври 1-ум
ТОҶИКИСТОН – Лубнон – 1:0
Гол: Ваҳдат Ҳанонов, 87.















