Тақдими шаҳодатнома ба номзадони устоди соҳаи варзиш

Тақдими шаҳодатнома ба  номзадони устоди соҳаи варзиш

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғаии “Куруши Кабир” аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе маросими супоридани шаҳодатнома ба номзадони устоди соҳаи варзиш баргузор шуд, ки варзишгарони фаъоли пойтахт дар он иштирок намуданд. Дар мамлакат баҳри пешрафти маънавию ҷисмонии ҷавонон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, ки ифтитоҳи даҳҳо адад маҷмааҳои муосири варзишӣ ва бунёди майдончаҳои бозӣ барои кӯдакону наврасон   давоми се соли охир дар ҳудуди пойтахт намунае аз ин ғамхориву дастгириҳо нисбат ба ин қишри ҷомеа маҳсуб мешавад. Зери сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои беназири Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе ба маротиб рушд карда истодааст. Ин аст, ки бо дарку идроки гуфтаҳои боло 120 нафар варзишгарони умедбахш ва ҷавондухтарони дар риштаҳои гуногуни варзиш машғулбуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, ки меъёрҳои дараҷа ва унвонҳои варзиширо иҷро намуданд, бо шаҳодатномаҳои номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки барои ба варзиш фаро гирифтани ҷавонони пойтахт бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳр муассисаҳои варзишӣ, майдончаҳо ва тамрингоҳҳо кушода шудаанд, ки фаъолияти онҳо барои кулли ҷомеа дастрас мебошад.