Талоши муштзанони 105 кишвар барои 2,6 млн доллар

Талоши муштзанони 105 кишвар барои 2,6 млн доллар

Намояндагони 105 кишвар дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни мардон дар шаҳри Белгради Сербия иштирок мекунанд. Шумораи муштзанҳои сабтиномшуда 650 варзишгарро ташкил медиҳад, ки ин дар таърихи мусобиқа бесобиқа унвон мешавад.

Бори аввал дар таърихи AIBA ин мусобиқа аз рӯи 13 вазн баргузор мешавад. Шумораи вазнҳо ҳанӯз аз моҳи августи соли 2021 васеъ карда шуданд ва дар қаҳрамонии ҷаҳони Белград аввалин мусобиқаи бузург дар ин шакл хоҳад буд. Дар ин чорабинӣ қаҳрамонҳои ҷаҳони Куба аз ҷумла Энди Крус Гомес, Ронел Иглесиас, Арлен Лопес ва Хулио Сесар ла Крус иштирок мекунанд.

Шаҳри Белград инчунин мизбони муштзанҳои дараҷаи олӣ ба мисли Ованес Бачков (Арманистон), Лорен Алфонсо Домингес (Озарбойҷон), Вандерсон де Оливейра ва Абнер Тейшейра (Бразилия), Хавйер Ибанез ва Радослав Панталеев (Булғористон), Юберхен Мартинес Ривас (Колумбия), Билол Беннама ва Софян Умиа (Фаронса), Нелви Тиафак (Олмон), Санҷет Санҷет ва Сачин Кумар (Ҳиндустон), Симоне Фиори (Италия), Рейто Тсутсуми (Ҷопон), Сакен Бибосинов ва Айбек Оралбай (Қазоқистон), Азат Усеналиев (Қирғизистон), Харху Энхмандах (Муғулистон), Еумир Феликс Марсиал (Филиппин), Всеволод Шумков ва Ҷамбулат Бижамов (Русия), Атичаи Фемсапу (Таиланд), Тсотне Рогава (Украина), Миразизбек Мирзакаримович, Ҳасенбой Дусматов ва Шаҳром Ғиёсов (Ӯзбакистон)-ро даъват мекунад.

Маблағи умумии мусобиқаи 2,6 млн доллар муқаррар шудааст.  Барои барандаҳои медали тилло дар ҳар як вазн 100 000 доллар, барандагони медали нуқра 50 000 доллар ва ҳарду барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар муайян шудааст.

«Ман бовар дорам, ки ин Ҷоми ҷаҳон дар таърихи AIBA як саҳифаи нав мекушояд. Мо шумораи рекордии иштирокчиён дорем, ки дар 13 вазни нав рақобат мекунанд, ки ин нишонаи қувват ва рушди ҷаҳонии бокс аст. Мо ба варзишгарони худ беҳтарин имкониятҳоро барои муваффақ шудан фароҳам меоварем ва тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, то ҳар як рақиб шонси баробар ва муборизаи одилона дошта бошад. Ман самимона интизори ифтитоҳи чемпионат дар Белград ҳастам», - гуфт президенти AIBA Умар Кремлёв.

Ёдрас мекунем,ки Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни мардон аз 24 октябр то  6 ноябри соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.