Танҳо Роналду дар марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳо дар меҳмонӣ аз Мбаппе бештар гол задааст

Танҳо  Роналду дар марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳо дар меҳмонӣ аз Мбаппе бештар гол задааст

Ҳамлагари дастаи “ПСЖ” - Килиан Мбаппе дар даври ¼ - ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бо дастаи «Барселона» дубл кард ва аз рӯи шумораи голҳои дар меҳмонӣ, дуюмин голзани ин мусобиқа шуд. Ҳоло Мбаппе дар плей-оффи Лигаи Чемпионҳо танҳо аз собиқ футболбози «Реал Мадрид» ва «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду қафо мондааст. Дар ин бора Squwka хабар додааст.

Ҳамин тариқ, ҳамлагари фаронсавӣ дар 12 бозӣ 14 гол задааст. Дар навбати худ, Роналду дар плей-оффи Лигаи Чемпионҳо дар 39 бозӣ 23 гол задааст.

Ёдовар мешавем, ки дар дақиқаи 12-ум ҳисобро дар бозӣ бо “ПСЖ” вингери “Барселона” Рафиня  боз кард. Дар дақиқаи 29-ум ҳимоятгари “Барселона” Роналд Араухо муқобили Баркол қоидаи бозиро вайрон кард ва корти сурх гирифт. Дар дақиқаи 40-ум вингери “ПСЖ” Усмон Дембеле ҳисобро баробар кард.

Дар дақиқаи 54-ум нимҳимоятгари парижиҳо Витиня дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 61-ум ҳамлагари «ПСЖ» Килиан Мбаппе бартарии дастаашро мустаҳкам карда, ҷаримаи 11-умро ба самар расонд. Дар дақиқаи 89-ум Мбаппе дублро ба самар расонд.

Дар даври 1/2 финали Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2023/2024 “ПСЖ” бо “Боруссия”-и Дортмунд бозӣ мекунад. Бозии аввал 30-юми апрел барпо мегардад.