Таъсиси мусобиқаи нав бо номи “Суперлига” расман эълон шуд

Таъсиси мусобиқаи нав бо номи “Суперлига” расман эълон шуд

Президенти “Реал Мадрид” - Флорентино Перес роҳбари ин мусобиқаи нав таъйин шуд. Ноибҳои ӯ Андреа Анелли (Ювентус) ва Ҷоэл Глейзер (Манчестер Юнайтед) ба шумор мераванд. 20 дастаи ширкаткунанда, 15 тими муассис (12-тои онҳо аллакай маълуманд), барои муайян намудани панҷ дастаи боқимонда натиҷаи мавсими гузаштаи онҳо ба инобат гирифта мешавад.

Аз моҳи август сар карда иштирокчиён ба ду гурӯҳ иборат аз 10 дастаӣ, вохӯриҳои хонагӣ ва меҳмониро оғоз мекунанд ва аз ҳар гурӯҳ се даста мустақиман ба ¼ финал роҳ меёбанд. Тибқи маълумотҳо ба монанди дигар мусобиқаҳо ду дастаи ғолиб ба финал роҳ меёбанду моҳи май дар майдони бегона неру месанҷанд.