Тайланд иштирокчии навбатии даври ¼ ниҳоӣ

Тайланд иштирокчии навбатии даври ¼ ниҳоӣ

Дар даври охири бозиҳои гуруҳи “В” дастаи ҷавонони то 19 солаи Тайланд як роҳхати аз ин гурӯҳ барои баромадан ба даври ¼ ниҳоӣ ба даст овард. Шогирдони Итсара Шитҳаро дар вохӯрии даври сеюм тими мунтахаби ҷавонони Кореияи Шимолиро бо ҳисоби 2:1 дучори нокомӣ намуданд. Ин ғалаба имкон дод, ки дастаи Тайланд бо ишғоли зинаи дуюм ба даври дигар роҳ ёбад. Зинаи аввалро дастаи ҷавонони Ҷопон бо касби 9 имтиёз ба даст оварданд. Ҳанӯз дар дақиқаи 38-уми дидор Сампан Кеси, ки чанде пеш Пирапат Каминтонгро иваз карда буд, бо зарбаи аниқаш ҳисобро боз кард. Баъди се дақиқаи дигар дарвозабони Тайланл ҳамлагар Ким Кук Ҷинро аз пой афтонид ва довари суриягӣ Ҳанна Ҳатаб ҷаримаи 11 метра таъин кард. Ин зарбаро капитани дастаи Кореяи Шимолӣ Кю Там хуб иҷро карда натавониста дарвозабон онро баргардонид. Ниммуҳофизатгари Корея Канг Кук Чол дар нафасҳои охири ниммаи аввал билохира ҳисобро баробар намуда, дастаҳоро ба танафус бурд. Дар 12 дақиқа мондан то анҷом вохӯрӣ Коравич Таса дастаи Тайландро бори дуюм ба пеш барвард. Ин голи ғалабаовар дар бозии имрӯза ба шумор мерафт, чунки то анҷом футболбозони Кореяи Шимолӣ дубора натиҷаро баробар карда натавонистанд. Акнун дар даври ¼ ниҳоӣ мунтахаби ҷавонони Тайланд бо ғолиби гурӯҳи “А” дастаи Қатар дидор анҷом хоҳад дод.

Гурӯҳи «В»

Тайланд – Кореяи Шимолӣ 2:1 (1:1)