Темур аз Боку медал меорад
Дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку аз 5-ум то 7-уми ноябр мусобиқаи Baku Grand
Slam 2021 баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур аз кишвари мо Тоҷикистон 6- нафар ҷудокор Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73 кг), Хушвақт Идиев (-81 кг) , Ҳақназар Назаров (-81 кг),Амирҷони Насимҷон (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) иштирок ва баромад намуданд. Миёни ин ҳама ҷудокорон дар рӯзи охири рақобатҳои вазни ҷамъи 100 килограмм ҷудокори номовари тоҷик, чандин карата қаҳрамони Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ ва ҷудо, иштирокчии бозиҳои Олимпии Токио-2020 - Темур Раҳимов то марҳилаи ниҳоӣ ҳама ҳарифонашро шикаст дод. Рақибони ҷудокори тоҷик Тяго Палминӣ аз Бразилия ва Свен Ҳейнл аз Олмон маҳсуб мешуданд, ки Темур онҳоро мағлуб намуда ба финал роҳашро ҳамвор кард. Дар даври ниҳоӣ Темури 24-сола бо Татсуру Саитои 19- сола аз ватани ҷудо рӯи татамӣ баромад. Рақобати ҳар ду ҷудокор бисёр ҷолибу диданӣ ҷараён гирифт. Танҳо дар чанд сонияи боқимонда бахт ба рӯи ҷудокори мо нахандиду бо "иппон" аз Татсуру Саито мағлуб шуд. Темур Раҳимов миёни 10 ҷудокоре, ки дар вазни +100 килограм баромад мекарданд, ба гирифтани нишони нуқра даст ёфт. Мавриди зикр аст, ки ин аввалин нишони ҷудокорони тоҷик дар таърихи кишвар мебошад, ки дар мусобиқаҳои Grand Slam ба даст оварданд. Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи Baku Grand Slam 2021 аз 29- кишвари ҷаҳон аз рӯи 5 -вазн 195 - ҷудочӣ иштирок кард.