«Рома» аз Амстердам бо пирӯзӣ баргашт

«Рома» аз Амстердам бо пирӯзӣ баргашт

Дар бозии аввали марҳилаи ¼ финали Лигаи Аврупо бошгоҳи «Аякс» дар майдони худ бо дастаи «Рома» рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Амстердам-Арена»-и Нидерландия баргузор гардида, бо пирӯзии меҳмонон, бо ҳисоби 1:2 анҷом ёфт. Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 39-ум аз ҷониби нимҳимоятгари дастаи мизбон – Дэви Классен кушода шуд. Дар дақиқаи 53-юми қисми дуввуми дидор «амстердамиҳо» имкони афзун кардани ҳисобро доштанд, аммо Душан Тадич натавонист пеналтиро ба самар расонад. Пас аз чаҳор дақиқа, нимҳимоятгари дастаи «Рома» – Лоренсо Пеллегрини дарвозаи мизбононро рахна сохта, натиҷаи бозиро баробар кард (1:1). Голи ғалабаовари дастаи шаҳри Римро ҳимоятгар Роҷер Ибанес дар дақиқаи 87-ум ба ҳадаф расонд. Ҳамин тавр, бозии аввали дастаҳо бо ҳисоби 1:2 ба нафъи «Рома» ба охир расид. Бозиҳои ҷавобии дастаҳо рӯзи 16-уми апрел дар Рим баргузор мешавад.