Тими миллии мо бар муқобили Қирғизистон бо пероҳани сафед ба майдон мебарояд

Тими миллии мо бар муқобили Қирғизистон бо пероҳани сафед ба майдон мебарояд

Имрӯз, 19 ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек бозии даври шашуми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон - 2022 байни тимҳои миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон доир мегардад. Бозии мазкур соати 19:00 бо вақти Душанбе баргузор мегардад.

Дар ин дидор тими миллии Қирғизистон бо пероҳани сурх ба майдон мебарояд. Тими миллии Тоҷикистон бошад, бо пероҳанҳои рангаш сафед ба майдони набард мебарояд. Ёдовар мешавем, ки бозии байни ин мунтахабҳоро шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Футбол” ба таври мустақим пахш менамоянд.

Чемпионати ҷаҳон - 2022

Марҳилаи дуюми интихобӣ

Гурӯҳи “F”

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ: соати 19:00 бо вақти Душанбе

Қирғизистон - ТОҶИКИСТОН