Тоҷикистон ба даври ¼ ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 роҳ ёфт

Тоҷикистон ба даври ¼ ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 роҳ ёфт

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ба даври ¼ ниҳоии Чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия ҷараён дорад, роҳ ёфт.  Имрӯз дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи “D” тими ҷавонони Тоҷикистон муқобили Арабистони Саудӣ майдондорӣ кард. Бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи Арабистони Саудӣ анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 29-ум футболбозони мо тавассути Шериддин Бобоев кушоданд. Нимаи аввал бо пирӯзии тими Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар нимаи дуюм футболбозони тими Арабистони Саудӣ ба задани 3 гол даст ёфтанд. Сафӣ Муҳаммад дар дақиқаи 65 ҳисобро баробар карда, баъд аз 5 дақиқа голи дуюмашро зад. Голи сеюм ҳамчун худгол ба номи дарвозабони тими ҷавонони мо Шоҳрух Қирғизбоев сабт шуд. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби ҷавонони Чин бар Малайзия бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳамин тавр, Арабистони Саудӣ бо 9 хол аз ҷои аввал ва Тоҷикистон бо 4 хол аз ҷои дуюми гурӯҳи “D” ба даври ¼ ниҳоӣ баромаданд. Чин бо 3 хол дар зинаи сеюм, Малайзия бо 1 хол дар мақоми чорум ҷой гирифтанд. Дар даври ¼ ниҳоӣ шогирдони Мубин Эргашев муқобили ғолиби гурӯҳи “С” – дастаи Кореяи Ҷанубӣ ба майдон мебарояд. Арабистони Саудӣ бошад, бо тими Австралия вомехурад. Чор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2018 ба Чемпионати ҷаҳон-2019 миёни ҷавонони то 20-сола, ки дар Полша ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд. Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ бар тими ҷавонони Чин ғалаба (1:0) карда, бозиро бо дастаи Малайзия мусовӣ (2:2) анҷом дод.

Чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонон (U-19)

Гурӯҳи «D». Даври 3-юм

Арабистони Саудӣ - ТОҶИКИСТОН- 3:1

Чин - Малайзия - 2:0

Даври ¼ ниҳоӣ

28 октябр (якшанбе)

15:00. Қатар – Тайланд

18:30. Ҷопон – Индонезия

29 октябр (душанбе)

15:00. Кореяи Ҷанубӣ – ТОҶИКИСТОН

18:30. Арабистони Саудӣ - Австралия


swe8daxyzwyb1sllisy3.jpg