То роҳ ёфтани Колумбия ба даври плей-офф як қадами дигар боқӣ монд

То роҳ ёфтани Колумбия ба даври плей-офф як қадами дигар боқӣ монд

Дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии  Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни мунтахабҳои то 20 сола дар Аргентина мунтахабҳои Ҷопон ва Колумбия   ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Марадона”-и шаҳри Ла Плата  дар ҳузури 3 768  нафар мухсил  доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 2  ба суди колумбиягиҳо  хотима ёфт.

Голҳоро дар  ин бозӣ Рику Йамане аз ҳайати Ҷопон ва Ёсер Асприлла бо Анхел Гутиеррез аз  ҳайати Колумбия  ба самар расониданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ (С)  мунтахаби Сенегал ва Исроил мусовӣ 1 бар 1 бозӣ карданд.  Колумбия дар даври аввал муқобили Исроил бо ҳисоби 1 бар 2 зафар ёфта буд. Ҷопон бошад, Сенегалро дар даври аввал бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода буд.

Мунтахаби ҷавонони Колумбия  ғалабаи дуюмашро  дар гурӯҳи “С” ба даст оварда, ҳоло бо касби 6 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот маскан гирифт. Ҷопон бо 3 имтиёз дар зинаи  дуюм аст.  Мунтахабҳои Исроил ва Сенегал бо  1 имтиёзӣ  мутаносибан дар зинаҳои баъдӣ ҷойгиранд.

 Ҳамакнун, дар даври сеюми Ҷоми ҷаҳонии футбол дар гурӯҳи “С” Ҷопон  бо Исроил  ва Колумбия   бо  Сенегал   рӯзи 28-уми май бозӣ мекунанд.

Ҷоми Ҷаҳон | Гурӯҳи “С” |Даври 2

Ҷопон 1:2 Колумбия  

Сенегал 1:1 Исроил