Торумори “Реал” дар Барселона бидуни Месси ва Роналду

Торумори “Реал” дар Барселона бидуни Месси ва Роналду

Имшаб тамоми мухлисони футболи ҷаҳон ба ду тараф тақсим шуда, яке ҷонибдории “Барселона” ва дигаре ҷонибдории “Реал”-ро менамуд. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, бозӣ байни бошгоҳҳои “Барселона” ва “Реал Мадрид” бузургтарин рақобат дар сайёра ба шумор меравад. Дар даври 10-уми рақобатҳои мусобиқоти муҳташами Ла Лига “нилунориҳо” дар варзишгоҳи калонтарини Аврупо “Камп Ноу”, ки ғунҷоишаш 100 ҳазор нафар аст, “гаразмониҳо”-ро қабул намуданд. Гарчанде, ки баъд аз 11 сол аввалин маротиба Эл – класико бидуни Месси ва Роналду баргузор шуда бошад ҳам, аммо бар замин ин бозӣ каммухлис набуд. Шогирдони Эрнесто Валверде рақобатро зебо оғоз намуда, ҳанӯз дар дақиқаи 11-уми бозӣ ба задани гол даст ёфтанд, ки голи мазкурро ниммуҳофизатгари бразилӣ Филиппе Коутиню ба номаш муҳр зад. Баъд аз ин гол ғазаби каталониҳо пас нашуда, ҳамлаҳои хатарноки хешро ҷониби дарвозаи Тибо равон менамуданд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 30-юм Варан дар ҷаримагоҳи хеш нисбати Суарес қоидаи бозиро вайрон намуд, ки довар бо истифода аз системаи VAR ба дарвозаи “гаразмониҳо” пеналти таъйин намуд, ки ин голро Луис Суарес таслими дарвозаи “Реал” намуд. Қисми аввали бозӣ байни тимҳо бо ҳисоби 2:0 ба нафъи “Барселона” хатм шуд. Қисми дуюми дидорро меҳмонон чунон зебо оғоз карданд, ки ҳатто ба задани гол даст ёфтанд. Голи мазкурро баъд аз як бозигузории зебо дар дақиқаи 50-уми дидор Марсело ба ҳадаф расонид. Дар дақиқаи 75-ум бошад, Луис Суарес бори дигар тамоми мухлисони “Барселона”-ро ба пой хезонд. Ҳамин тариқ ӯ муаллифи голи сеюми “Барселона” дар бозии имрӯза гардид. Баъд аз гузашти 7 дақиқаи дигар Луис Суарес боз дарвозаи “гаразмониҳо”-ро рахна карда, муаллифи хет-трик шуд. Дар дақиқаи 87-уми майдондорӣ бо партофти зебои Усмон – Артуро Видал ба бозӣ нуқтаи ниҳоӣ гузошта, ҳисоби дидорро 5:1 намуд. Ҳамин тариқ “Барселона” бидуни Месси ҳам “Реал”-ро торумор карда, ба зинаи аввали ҷадвали Ла Лига баромад. 

Чемпионати Испания. Ла Лига

Даври 10-ум

"Барселона" - "Реал" - 5:1 (2:0)

Голҳо: Коутиню, 11 (1:0). Суарес, 30 - пеналти (2:0). Марсело, 50 (2:1). Суарес, 75 (3:1). Суарес, 83 (4:1). Видал, 87 (5:1).

"Барселона": тер Штеген, Серхи Роберто, Пике, Лангле, Жорди Алба, Ракитич, Бускетс, Артур (Видал, 84), Рафиня (Семеду, 69), Суарес, Коутиню (Дембеле, 74).

"Реал": Куртуа, Начо, Варан (Васкес, 46), Серхио Рамос, Марселу (Диас, 82), Кроос, Каземиру, Модрич, Бэйл (Асенсио, 77), Бензема, Иско.