Қуръакашии Лигаи миллатҳо баргузор шуд

Қуръакашии Лигаи миллатҳо баргузор шуд

3-юми декабр дар қароргоҳи УЕФА, воқеъ дар дар шаҳри Нйони Швейтсария қуръакашии қисмати ниҳоии Лигаи миллатҳо баргузор гардид.

Дар плей-офф ғолибони гурӯҳҳои дивизиони А — Италия, Белгия, Фаронса ва Испания бо ҳам рақобат мекунанд. Натиҷаҳои қаръакашӣ чунин шуданд:

Испания — Италия

Белгия — Фаронса

Ғолибони даври нимниҳоӣ ба финал мебароянд, мунтахабҳои мағлубшуда барои ҷойи 3-юм рақобат хоҳанд кард. Бозиҳои даври нимниҳоӣ 6-у ва 7-уми октябри соли 2021 баргузор мешаванд, финал ва рақобат барои ҷойи сеюм бошанд — 10-уми октябр. Ҳамаи бозиҳо дар Италия, хусусан дар Милан ва Турин баргузор хоҳанд шуд.

Тибқи нақша бозиҳои плей-офф бояд тобистони соли 2021 баргузор мешуданд, аммо аз сабаби 1 сол дертар баргузор кардани чемпионати Аврупо акнун онҳо моҳи октябр баргузор хоҳанд шуд.