ВАО гуфт, ки Хави кай сармураббии «Барселона» мешавад

ВАО гуфт, ки Хави кай сармураббии «Барселона» мешавад

Сармураббии дасаи «Ал-Садд»-и Қатар Хави ба наздикӣ роҳбарии дастаи “Барселона”-ро ба дӯш хоҳад гирифт. Сомонаи Mundo Deportivo менависад, ки Хави аллакай розигии худро барои кор дар “Барселона” додааст.

Ҳамзамон, қайд мегардад, ки барои таъйини расмии Хави ҷонибҳо бояд дар чанд ҷиҳат ба мувофиқа расанд. Нахуст, бояд испанӣ аз дастаи «Ал-Садд» истеъфои худро эълон кунад.

Сониян, дар бораи ҳайати мураббиёни Хави ва маоши аъзоёни он мувофиқа кардан лозим аст. Радиои каталонии RAC1 розигии Хавиро тасдиқ мекунад. Ба гуфтаи сарчашма, мутахассиси испанӣ пас аз танаффуси бозиҳои байналмилалӣ роҳбарии дастаи “Барселона”-ро ба ӯҳда гирифта дар бозии бо тими “Эспанйол” санаи 21-уми ноябр нахустин бозии худро мегузаронад.